Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо оқибати нохуб 

31-уми марти соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоалимзода Шерзод Насимҷон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Шаҳритус  ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрда, ба дохили ҷӯйбори обгузар афтидааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, ноболиғ Залиев Иброҳимбек Бахтиёрович, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Залиев Нурмуҳаммад Бахтиёрович, соли таваллудаш 2009, сокини ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус ҷароҳати ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
1-уми апрели соли 2025, тахминан соати 09:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Филдер», Саидов Зоир Ҳукуматович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Восеъ ҳангоми расидан дар ҳудуди деҳаи Сурхдараи ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Давлатзода Фазлиддин Фирдавс, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи мазкурро  пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Давлатзода Ф.Ф. ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.04.2025 8:24
33