Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конфронси байналмилалии “Алянс вобаста ба муқовимат ба савдои одамон” дар шаҳри Вена

Аз 31-уми март то 1-уми апрели соли 2025 конфронси 25-уми байналмилалии “Алянс вобаста ба муқовимат ба савдои одамон” дар кохи “Хофбург»-и шаҳри Венаи давлати Австрия баргузор гардид. Конфронс аз тарафи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ҷониби Тоҷикистонро сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳимардонзода Собир Раҳматулло ва ваколатдори оперативии Маркази мазкур лейтенанти калони милитсия Усмонзода Умар намояндагӣ карданд. 
Дар конфронс зиёда аз 58 давлат - аъзоёни САҲА, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, мутахассис - коршиносони самти муқовимат ба савдои одамон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки конфронс дар самти муқовимат ба савдои одамон ин як нишасти солонаи сатҳи баланди ҷонибҳои манфиатдор аз минтақаҳои САҲА мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи сиёсии муқовимат ба савдои одамон ва баррасии мавзуъ ва тамоюлҳои нав дар ин самт мебошад. Ин дафъа мавзӯи асосии конфронс ба муқовимат ба савдои кӯдакон бахшида шуд.
Мутахассисони соҳавӣ ба муҳимияти пешгирии савдои кудакон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои САҲА барои барҳам додани савдои кудакон як раванди умумиҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад, то ба фарогирӣ ва ҳамкории бисёрҷониба мусоидат намояд.
Дар ҷараёни конфронс полковники милитсия Шоҳимардонзода С.Р. вобаста ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои алоқаманд ба кудакон, ҷалби онҳо ба меҳнати маҷбурӣ ва дигар намудҳои истисмор дар мавзуи “Ҳифзи кудакон ва ташаккули ояндаи дурахшон” ва “Даъват ба қатъи савдои кудакон” суханронӣ намуда, иштирокчиёни нишаст ва ҷомеаи ҷаҳониро барои муқовимати дастаҷамъона даъват намуд.
Гул Маҳбуба

01.04.2025 18:59
155