Ҳалокати ду хурдсол бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
31-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Сафаров Муртазо, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба баландӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Маҳмадҷонзода Билолҷон, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Вахдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
31-уми марти соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер”, Юсуфзода Давлатёр, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳай карда баромадан аз саҳни ҳавлиаш аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ҷияни хурдсолаш Юсуфзода Аҳмад, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Юсуфзода А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.