Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо гумони дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки аз моҳи декабри соли 2024 то моҳи марти соли 2025, ҷавони 18-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба ҳайси ёрдамчӣ дар дукони таъмири телефонҳо, воқеъ дар дохили бозори марказии шаҳри Турсунзода кору фаъолият мекард, маҳсулоти таъмири телефонҳои мобилиро дуздидааст.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия аз гумонбаршаванда 25-адад экранҳои телефонҳои мобилӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-32” ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.