Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофири ҷавон дар ҳодисаи нақлиётӣ

28-уми марти соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри”,  Собиров Аҳлиддин, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи ронанда Сафарзода Беҳруз, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри”, Собирова Раҷабгул, соли таваллудаш 1962, сокини ҳамин ноҳия ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра” Сафарзода Б.М. бо мусофиронаш Турақулов Абдулло Киромиддинович, соли таваллудаш 2006, Абдулазиззода Муҳаммадҷони Шералӣ, соли таваллудаш 2006, Тиллоев Рустам Тағоймуродович, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шуда, Турақулов А.К. дар беморхона ба ҳалокат расидаст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

31.03.2025 8:32
27