Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарки одат амри маҳол,  ҷавони 28-сола боз даст ба дуздӣ зад

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, ки пеш се маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми марти соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби зани 39-солаи сокини пойтахт як адад телефони  мобилии тамғаи “Samsung S-21 ултра”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад

31.03.2025 8:27
19