Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду ноболиғ бо ҷурми авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Шуғнон, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанеб бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 30-юми марти соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ҳангоми дар назди Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 14-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, гумонбаршаванда бо корд дасти чапи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 30-юми марти соли 2025, тахминан соати 10:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Севастополскийи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муноқиша карда, бо корд як маротиба ба қисмати чапи шикамаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

31.03.2025 8:22
22