Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
27-уми марти соли 2025, тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи электронии тамғаи «BYD», Бойматов Фарҳодҷон Абдусамиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Суфиев Саидқаландар Маҳмудович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз самти муқобили роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи электронии «BYD» Бойматов Ф.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
28-уми марти соли 2025, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра», Пулотов Саъдӣ Исмоилҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи- Поён”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо мототсикли тамғаи «GSX», таҳти идораи Мирзоев Саиднуриддин Салоҳидинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷайҳун бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Мирзоев С.С. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири мототсикли мазкур Собиров Собирҷон Қудбиддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷайҳун ва ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Пулотов С.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.