Боздошти марди 31-сола барои табдил додани истироҳатгоҳ ба фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ба вазифаи хазинадор дар истироҳатгоҳи “Сомон”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат фаъолият карда, онҷоро ҳамчун фоҳишахона истифода бурда, 26-уми марти соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ба марди 35 ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.