Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани 3 нафар бо ҷурми тамаъҷӯӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28, 29 ва 32-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъӯӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон 7-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, аз барномаи шабакаи интернетии “Хорнет” саҳифа бо номи “Сами 26” истифода бурда, бо марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуда, ӯро барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ ба кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ даъват намуда, дар ҳолати бо якдигар вохӯрӣ кардан гумонбаршавандагон ҷабрдидаро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” савор карда, ба воситаи таҳдид ва тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 2 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд. 
Инчунин гумонбаршавандагон 7-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, аз барномаи шабакаи интернетии “Хорнет” саҳифа бо номи “Сами 26” истифода бурда, бо марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шинос шуда, ӯро барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ ба назди истгоҳи маркази ташхиси “Диагностика”-и кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ даъват намуда, бо якдигар вохӯрӣ намудаанд, ки дар ин ҳолат гумонбаршавандагон ҷабрдидаро ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” маҷбуран савор карда, ба воситаи таҳдид ва тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 2 ҳазор сомонӣ гирифта, ҷабрдидаро аз автомашина фаровардаанд.
Ҳамин тариқ гумонбаршавандагон 7-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, аз барномаи шабакаи интернетии “Хорнет” саҳифа бо номи “Сами 26” истифода бурда, бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ваҳдат шинос шуда, ӯро барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ ба назди истгоҳи маркази ташхиси “Диагностика”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъват намуда бо якдигар вохӯрӣ намуда, дар ин ҳолат гумонбаршавандагон ӯро ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” маҷбуран савор карда, ба воситаи таҳдид ва тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 600 сомонӣ гирифтаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

29.03.2025 8:22
19