Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиш-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ бахшида ба Иди саиди фитр дар ВКД

Бахшида ба таҷлили ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ намоиш-фурӯши молу маҳсулоти хӯрока баргузор мегардад.
Ин навбат низ дар арафаи Иди саиди Фитр дар шафати бинои асосии Вазорати корҳои дохилӣ, баҳри ғанӣ гардонидани дастурхони шаҳрвандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат чунин чорабинӣ доир карда шуд.
Дар намоиш-фурӯши мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз шаҳру ноҳияҳои Хатлон (Вахш, Қабодиён, Данғара, Ёвон, Муъминобод, Восеъ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Левакант, Шаҳритус, Фархор) ва навоҳии тобеи марказ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи дастрас пешкаши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намуданд.
Нархҳо дар муқоиса бо бозорҳои ҷумҳурӣ 40-50 фоиз арзон пешкаш гардид. Масалан: 1 халтаи орд 150 сомонӣ, 1 кг гӯшт - 40 сомонӣ, 1 қуттӣ тухм – 10-20 сомонӣ, 1 литр равған - 10 сомонӣ, 1 кг биринҷ - 8 сомонӣ, киллои пиёзу сабзӣ - 1 сомонӣ, себ - 4 сомонӣ, 1 кг картошка - 3 сомонӣ, 1 дона банан - 2 сомонӣ, бодирингу помидор, мандарин, шакар – 6 сомонӣ, нок - 10 сомонӣ ва монанди ин, дигар маҳсулот пешкаши харидорон гардонида шуданд.
Н. Ҷобиров

28.03.2025 10:02
115