Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ҳангоми чаппа шудани автомашина

21-уми марти соли 2025, тахминан соати 01:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “SHACMAN”, Тоири Таварали, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи мазкур аз дохили дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия, зимни ба самти дигар гузаштанаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи мазкурро дар мобайни дарё чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур Тоири Таварали ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

22.03.2025 8:34
77