Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздиҳои зани 59-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи майи соли 2023 то моҳи марти соли 2025, дар мағозаи фурӯши либосҳо бо номи «КАВСАР», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ ва дар мағозаи фурӯши атриёт ва маводҳои кимиёвӣ - шустушӯӣ бо номи «ЗАМОНАВӢ», воқеъ дар кӯчаи Бухоро ҳамчун фаррош кор карда, аз он ҷойҳо бо роҳи пинҳонӣ маблағҳои пулӣ,  либосҳои гуногуни кудакона, атриёт ва дигар молу маҳсулотҳоро дуздида, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст. 
Дар натиҷа гумонбаршаванда бо ин кирдораш ба зани 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

22.03.2025 8:32
58