Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 33-сола бо ҷурми қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи марти соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс»-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 20 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 90 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.03.2025 8:10
76