Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии маблағи корхона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 11-уми марти соли 2022 дар ҶДММ “Рушон” ба ҳайси намояндаи савдо кору фаъолият намуда аз ширкати ҶДММ “Рушон” 86 ҳазору 232 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.