Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо ду адад телефони мобили тамғаи “Самсунг”, якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.