Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаппа шудани автомашина ба чуқурӣ 

18-уми марти соли 2025, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Weltmeister EX5», Абдуразоқов Рустам Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ ба чуқурии тахминан 125 метр чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашина Абдуразоқов Р.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Ҳотамшозода Исмоил, соли таваллудаш 1992 ва Расулов Манучеҳр, соли таваллудаш 1987, сокинони ноҳияҳои Восеъу Ш.Шоҳин ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, баъд аз муоинаи тиббӣ ба хона ҷавоб дода шуданд. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

20.03.2025 8:13
51