Ошкор шудани як қатор кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ муроҷиат намудааст, ки 15-уми ноябри соли 2023, ҳангоми дар шаҳри Кострамаи Федератсияи Россия қарор доштанаш, марди 37-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 109-сар гусфанд, 1-адад автомашинаи тамғаи “Шевралет ламос” ва 2-адад “дучарха”-ро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағҳояшро бамегардонад, аммо гумонбаршаванда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб карда гаштааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 2 милиону 192 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки ба ӯ платформаҳои биржа “Бонанс, Байбит, Форекс, Бингикс Аокетошшен, Куотекс”-ро кушода, пасон маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи декабри соли 2019 дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Форд-Транзит”-ро ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати 8 моҳ, яъне то 1-уми августи соли 2020 ба пуррагӣ пардохт менамоянд, аммо то ҳол пардохт накарда, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.