Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ҷавондухтар дар ҳодисаи нақлиётӣ

17-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолксваген ID4”, Мунтабиров Алишер, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Р.Набиев ба самти кӯчаи Шестапавлов, дар рӯ ба рӯи манзили истиқоматии бинои №173, аз қатори дуюм ба тарафи чап дар ҷойи номуайян гардиш намуда, хатти уфуқиро зер карда ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, таҳти идораи ронанда Шокиров Абубакр Одилович, соли таваллудаш 1998, сокини пойтахт, ки аз самти кӯчаи Шестапалов ба самти кӯчаи Р.Набиев ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Тойота-Кемри”, Шокиров А. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Наҷмидинова Меҳрона Маҳмадрасуловна, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки дар канори роҳи мошингард истода буд, пахш намудааст. 
Дар натиҷа, Наҷмиддинова М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолксваген ID4” Мунтабиров А. ба беморхона дастрас гардида, баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

19.03.2025 8:11
22