Ҳалокати якчанд нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
16-уми марти соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Саидов Шуҳрат Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Хоҷаев Зайниддин Абдушукурович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Хоҷаев З.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
16-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Зоҳиров Наимҷон Валиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда Саидов Салим Асрорович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Зохиров Н.В. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Фозилова Саноат Воҳидовна, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Истаравшан аз ҷароҳатҳои ҷисимонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Саидов С.А. ва мусофиронаш Пулотова Шарофат Абдумуҳидиновна, соли таваллудаш 1955, Пулотова Махфират Дилшодовна, соли таваллудаш 2010, Солиева Мутаҳира Яҳзёевна, соли таваллудаш 1987, Солиева Муаттар, соли таваллудаш 1979 ва Фозилов Асадбек, соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.