Мавриди фиреб қарор гирифтани зани 35-сола аз ҷониби шавҳари собиқ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки тахминан соли 2017, собиқ шавҳараш марди 36-соли сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як миқдор ҷавоҳироти гуногуни тиллоиашро, ки арзишашон 10 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ онҳоро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда тиллоҳои мазкурро гирифта, дар ламбард фурӯхта, маблағи пулиро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2021, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе дар кӯчаи Испечаки шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи зарурияти маблағгузорӣ ба корҳои сохтмонӣ бо нархи арзон пешниҳод намудани ҳуҷраи истиқоматӣ аз бинои навсохташуда, аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ дар таносуби асъори миллӣ баробар ба 339 ҳазору 135 сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.