Дастгир гардидани зани 39-сола барои ташкили фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки соли 2012 бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 14-уми марти соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич зани 46 ва марди 44-солаи сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос намуда, бар ивазаш ҳамчун мукофот 400 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.