Боздошти духтарбачаи ноболиғ бо гумони дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми марти соли 2025, ду ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи бозиҳои интернетии “ГЕМ ОВЕР” даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти компютерии тамғаи “MIS”, ки арзишаш 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 65-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки тахминан як ҳафта пеш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия набераи ҷабрдида, духтарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини ҳамон ҷо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.