Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кордзанӣ аз ҳиссиёти авбошӣ  

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили боғи бо номи «Восеъ», воқеъ дар кӯчаи Баҳовудинови ноҳияи Сино қарор доштанаш се ҷавони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ беягон асос  ӯро лату кӯб  намуда, яке аз онҳо бо корд як маротиба ба қабурғаи қисмати чапи ҷабрдида зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии рафиқонаш марди 30-солаи сокини пойтахт ва “Аминҷон” ном шахси ба тафтишот  номаълум 11-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ, назди маркази савдои “Сиёма Мол” қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 29 ва бародараш ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, гумонбаршаванда ҷабрдидаро бо корд як маротиба ба дасти росташ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари миёна бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

17.03.2025 8:11
29