Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ШАНБЕГӢ ДАР РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОР БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2025 роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атроф саҳмгузорӣ менамоянд.
Санаи 15 марти соли 2025 дар бинои раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирду атрофи онкорӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ бо мақсади сазовор пешвозгирифтани. Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2025 шанбегӣ доир гардид.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду атрофи раёсат, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар рафти шанбегӣ бевосита сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ва муовинони сардори раёсат иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.

17.03.2025 11:51
132