Ғорат намудани телефони мобилӣ аз дасти духтараки ноболиғ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми марти соли 2025, шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз назди Коллеҷи Давои шаҳри Бохтар аз дасти духтари ноболиғи 16-солааш, хонандаи курси 1-уми Колеҷи Давои шаҳри Бохтар як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон ХС”-ро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.