Ватанамонро сабзу хуррам мекунем!
Ҳамасола бо фарорасии фасли баҳорон - эҳёи табиат, дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос аз хурд то калон дар ин кори хайру савоб ва поккориву сабзу хуррам гардонидани диёрамон баромада, дастаҷамъона бо тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳо, саҳни корхонаву муассисаҳо ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ин мақсад, баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва дар ин асно иҷрои талаботи бандҳои протоколи ҷаласаи назди Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба доир намудани шанбегиҳои дастаҷамъона ва вусъати тоза бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар баргузор намудани шанбегиҳо ва маъракаи ниҳолшинонӣ баромада, дар ин раванд дастаҷамъона камари ҳимат бастаанд.
Имрӯз дар ин асно роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Сарраёсату раёсатҳо, хадамоту шуъбаҳои поёнии мақомоти корҳои дохилӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ баромада дар замин ва дашту теппаҳои ҳудуди қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва хоҷагиҳои ёрирасони раёсати мазкур ниҳолу дарахтони мевадиҳанда аз қабили себ, олу, гелос, олуча, инчунин дарахтони ороишиву сояафкани арча, сафеддор ва дигар намуди ниҳолу дарахтонро шинонида дар кабудизор гардидани табиати Ватанамон саҳмгузорӣ намуданд.
Инчунин, дар ин шанбегии дастаҷамъона дар ҳудуди биноҳои маъмурии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, корҳои тозаю озода намудани ҳуҷраҳои кориву атрофи он ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ низ гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркуниву поккорӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.