Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шиноварӣ ба муносибати  ҷашни байналмилалии Наврӯз 

Бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар якҷоягии МИҲД вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 11- 13 марти соли равон дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии варзишӣ, ки бо иштироки 80 варзишгар аз Федератсияҳои миллии шиноварии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷараён гирифт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода иштироку суханрони намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон нисбати рушду оммавияти варзиш ёдовар шуданд. 
Гуфта шуд, ки сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам оврадааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хоса касб намоянд. Дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, Осиёӣ ва байналмиллалӣ иштироку қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шаванд.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни варзиш ба намуди шиноварӣ низ таваҷҷуҳ ва эътибори хоса зоҳир гардид. Айни ҳол шиноварӣ яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб меравад ва шумораи дӯстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон кам нестанд.
Дар мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба шиноварӣ, ки 3 рӯз идома ёфт, 80 нафар варзишгар аз кишвари мо ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок ва малакаю маҳорати худро нишон доданд. Мусобиқа аз рӯйи намудҳои тарзи озод, баттерфляй, брасс, пуштноки шино намудан ва эстафета дар масофаҳои 50, 100, 200, 400 метр ҷараён гирифта иштирокчиёни мусобиқа барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас маҳоратсанҷӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии варзишии мазкур бо дастгирии Раиси Федаратсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади рушду оммавияти ин намуди варзиш ва баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарони шиновар роҳандозӣ гардид. Баргузории чунин мусобиқаҳо дар сатҳи байналмилалӣ пеш аз ҳама ҷиҳати мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни варзишгарон, табодули тачриба ва шарафёб шудан ба натиҷаҳои баланд заминаи воқеъӣ мегузорад. 
Ҳадафи дигари баргузории мусобиқаро роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварӣ омодагӣ гирифтани варзишгарони кишвар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналхалқӣ медонад. 
Варзиши намуди шиноварӣ солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯ ёфта барои машқу тамрини шиноварон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо машқу тамринро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳониву байналхалқӣ иштирок намоянд ва парчами кишвари моро баланд бардоранд.
Мусобиқаи байналмиллалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, беҳтарин варзишгарон дар масофаҳои зикршуда дар панҷ намуд малакаву маҳорати худро нишон доданд ва ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. 
Дар рафти мусобиқа ҳакамон ҳамаи ғолибону ҷоизадоронро муайян ва маҳорати инфиродӣ ва даставии варзишгарон бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Ҳамзамон Ҷому ҷоизаҳои Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар фазои тантанавӣ ба ғолибон супорида шуд.
Ҳамин тавр дар ҳайати даставӣ мақоми аввалро варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зинаҳои баъдиро тими шиноварони Тоҷикистон ва Қирғизистон соҳибӣ карданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

15.03.2025 11:39
27