Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми марти соли 2025, тахминан соати 12:00, дар назди МТМУ №24 аз ҳиссиёти авбошӣ ноболиғи 17-солаи сокини пойтахтро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд ба қисмати ронаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.