Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкориҳои судманд дар раванди амалишавии ислоҳоти милитсия

13 марти соли 2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чирруди Муртазо Асадулло вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ муовини вобастаи низомии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Хошими Неку Мустафо, сардорони шуъбаи протоколии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Ғафурзода Сафаралӣ Ҳабибулло, Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия Алимардонӣ Манучеҳр Усмонзод иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти амалишавии раванди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, роҳандозӣ намудани табодули таҷриба барои кормандон, ташкил намудани курсҳои омузишӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти алоҳидаи соҳа мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани мубодилаи иттилоот, таҷриба ва ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.

12.03.2025 16:16
156