Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза пирамарди 70-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки  аз 20 то 28-уми январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 57 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи  15 ва 16-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

13.03.2025 8:19
17