Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии чорво
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, сарчупони ҶСК «А.Ҷумаев»-и ноҳияи Мастчоҳ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи марти соли 2023, бо марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур дар чарогоҳи заминҳои ҶСК мазкур бо охирон вохӯрда, 39 сар чорвои майдаи шохдор барои нигоҳубин гирифта ва барои ҳаққи хизматаш ба ҳар сари гусфанд дар як моҳ 25 сомонӣ гирифтанаш шартномаи шифоҳӣ баста, моҳи июни соли 2024, 19 сар чорвои майдаи шохдорро баргардонида, боқимонда 20 сар чорвои майдаи шохдорро азонихуд намуда, ба ҷабрдида 45 ҳазор сомонӣ зарари калон расонидааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, моҳи марти соли 2023, бо марди 45-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ дар чарогоҳи заминҳои ҶСК мазкур вохӯрда, аз ӯ 25 сар чорвои майдаи шохдорро барои нигоҳубин кардан гирифта, моҳи июни соли 2024, 13 сар чорвои майдаи шохдорро баргардонида, боқимонда 12 сар чорвои майдаи шохдорро азонихуд намуда, ба ҷабрдида 30 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.