Боздошти якчанд нафар бо гумони қаллобӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр соли 2024 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиашро аз бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат ба маблағи 26 ҳазору 400 доллари амрикоӣ ба ӯ фурӯхта маблағашро гирифта, хонаро боз ба дигар кас фурӯхта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Норак бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, барои аз адои ҷазо озод намудани писараш, ки дар содир намудани ҷинояти бо қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ҳукми суд ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Ҳамин тариқ ҷабрдида давоми моҳи декабри соли 2023, дар се марҳала ҷамъ ба маблағи 191 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Норак ба гумонбаршаванда додааст.
Гумонбаршаванда, ки дар ягонҷо кор намекард ва ваколати аз ҳабс озод намуданро надошт, маблағи мазкурро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.