Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббуси ғамхорона ба модарон аз ҷониби нозирони БДА вилояти Суғд

Иқдоми ғамхорона нисбати модарону бонувон бахшида ба  «Рӯзи Модар»  аз тарафи ҳайати шахсии шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар минтақа, табрикоти идона ва тақдими гулу туҳфаҳо ба ҷинси латиф хоса занҳои ронанда буд, ки рӯзи 8 март дар миқёси вилоят гузаронида шуд. Нозирони бозрасӣ дар рафти хизматбарӣ бо чеҳраи кушод занҳоро бо армуғонҳои идона пешвоз гирифта, дар васфи зан-модар, мақоми шоистаи ҷинси латиф дар тарбия ва камолоти насли инсоният, ободгарии зиндагӣ ва хислатҳои наҷиби занҳо сухан карданд.
Иқдоми мазкур бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки қадру қиммати зан ва эҳтироми ӯ дар ҷомеа мавқеъи хос дорад. Таҷлили Рӯзи модар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи мақомотҳои давлатӣ ба ҳаёту фаолияти занҳо ин пеш аз ҳама эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯ мебошад.
Дар чорабиниеки ШБДА Раёсати ВКД гузаронид, нозирони навраси ҳаракат низ ҷалб гардида, ин чорабинӣ то  рӯзи санаи 8 март идома кард. 
Дар Рӯзи Модар ташаббуси дигаре, ки роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба кормандони БДА дастур доданд дар сурати муайян кардани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби зан-ронандаҳо ё пиёдагард аз ҳисоби ҷинси латиф ҳуқвайронкунанда танҳо бо бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ рухсат дода шавад, ба шарте, ки агар қоидавайронкунӣ дағал набошад. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.03.2025 16:44
32