Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми феврали соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш бо марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки барои аз шавҳари гумонбаршаванда пурсидани замини иҷоравӣ барои кишту кор кардан омада буд, муноқиша намудааст.
Сипас гумонбаршаванда аз манзили истиқоматиаш як адад достро гирифта, ба қисми шона, бозӯи дасти рост ва банди дасти чаппи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, таҳдиди куштан кардааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

11.03.2025 8:13
31