Боздид аз Шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505 дар шаҳри Кӯлоб
10-уми марти соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Шуъбаи алоҳидаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3505-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб боздид ба амал овард.
Зимни боздид қайд гардид, ки дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмати сарбозон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, то ки онҳо софдилонаю содиқона хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд.
Таъкид гардид, ки сарбозону афсарон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати назариявӣ бояд тайёрии комил дошта бошанд.
Гул Маҳбуба