Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз шароити хизматии дидбонгоҳи рақами 2-и қисми ҳарбии 3504 дар ноҳияи Ванҷ

9-уми марти соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба ВМКБ аз дидбонгоҳи ҷангии рақами 2-и қисми ҳарбии 3504 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дидан намуд.
Зимни шиносоии Вазири корҳои дохилӣ  маълум гардид, ки дар дидбонгоҳ барои хизмати софдилонаи афсарону сарбозон  шароити мусоид муҳайё буда, аз ҷумла, маводи хӯрока ва сӯзишворӣ ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
Дар сӯҳбат бо ҳайати шахсии дидбонгоҳ  таъкид гардид, ки дар назди онҳо вазифаи ифтихории ҳифзи марзу буми  кишвар гузошта шудааст.
Сарбозон изҳор доштанд, ки онҳо бо ҳисси садоқат ба Ватан  хизматро ба ҷо меоранд ва хидматӣ ҳарбӣ барои сарбозон мактаби мардонагию ҷасорат ва омодагӣ ба ҳифзи ин марзи  муқаддас хоҳад буд.
Гул Маҳбуба

09.03.2025 23:25
171