Сафари хизматии Вазири корҳои дохилӣ ба ВМКБ
9-уми марти соли 2025 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.
Нахуст Раҳимзода Рамазон аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварда, аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави 3-ошёнаи ШВКД дар ноҳияи мазкур дидан намуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар гардонидани шароити хизматии кормандони милитсия тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Айни замон сафари Вазири корҳои дохилӣ ба ВМКБ идома дошта, аз ҷараёни сафар иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Гул Маҳбуба