Ифшо шудани як қатор ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент аризаи зани 61-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми феврали соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келинаш зани 30-солаи сокини ҳамон ҷо содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи марди 63-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми феврали соли 2025, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонааш шуда, аз онҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 21 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.