Модар – сароғози ҳастии башар
Мояи сарафрозист, ки занону бонувон дар пешрафту шукуфоии мамлакат ҳамарӯза саҳм гузошта, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту хештаншинос талош меварзанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, ин муҳаббати ҷовидониро каси дигар иброз карда наметавонад ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
Модар бо идомаи рисолати волои модарӣ барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне нахустин омӯзгори фарзанд маҳсуб мешавад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат пайваста талош меварзад”.
Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аксияи идона доир карда шуд.
Дар аксияи идона кормандони милитсия дар идораву корхонаҳо, роҳравҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бонувон гулдастаҳо тақсим намуданд. Дар навбати худ бонувон ба кормандони милитсия барои чунин як иқдоми хуб изҳори миннатдорӣ баён доштанд.