Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба қаллобӣ задани марди 33-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 125 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3 моҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда моҳи майи соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада,аз ӯ 126 ҳазор сомонӣ гирифта,  ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе мактаби байналмилалии онлайнии “Skilgate.TJ” кушода медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб  ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада,  аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро бармегардонад аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро  барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

27.02.2025 8:55
32