Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 01:00, бо мақсади несту нобуд кардани молу мулк бо роҳи оташ задан ба фермаи мурғпарварӣ, воқеъ дар суроғаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, ки ба марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, ҳозир гашта, фермаи мазкурро бо воситаи моеъи сӯзишвории бензин оташ задааст. 
Дар натиҷа, дар масоҳати 20 метри мураббаъ сухтор ба амал омадааст, ки дар натиҷаи сӯхтор 7-адад таҷҳизотҳои ҳавотозакунак, 1-адад дастгоҳи дорузанӣ заррар дидаанд.
Зарар аз сӯхтор 31 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.02.2025 8:45
29