Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ҷавон бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

23-юми феврали соли 2025, тахминан соати 22:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лабо», Ризоев Далер Баҳромович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз тарафи рости канали обгузари «60» аз самти деҳаи Рвоти ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили канали мазкур чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ризоев Д.Б. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Ибрагимов Ҷумабой Шукурович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом дар зери об монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

25.02.2025 8:29
21