Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рашт: Вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо савдои одамон 

Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи  баиниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон дар ноҳияи Рашт бо судяҳои суди ноҳия ва минтақаи Рашт, роҳбарон ва аъзоёни комиссияҳои ҳудудӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид. 
Ҳамзамон  дар вохӯрӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии  Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муқовимат ба савдои одамон ва шаклу усулҳои мубориза бо ин омили номатлуб, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқовимат ба савдои одамон  мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст. 
Гул Маҳбуба

25.02.2025 17:53
57