Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Мурғоб бо ариза пиразани 73-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 51-солаи сокини ҳамин ноҳия солҳои тӯлонӣ ҳамчун чӯпон кору фаъолият намуда, моҳи сентябри соли 2022 аз ҷабрдида 55 сар чорвои майдаи шохдорро барои муваққатан нигоҳубин намудан қабул карда, то ин ҷониб 26 сар чорвои майдаи шохдорро азонихуд намуда, ба фурӯш бароварда, маблағҳои ба дастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки ба ҷабрдида 29 ҳазору 470 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “в” қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.