Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти зани 44-сола барои ташкили фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 15:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи мазкур, рӯбарӯи истгоҳи автомашинаҳо ба марди 27 ва зани 39-солаи сокинони ҳамин ноҳия барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, барои хизматаш 400 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.02.2025 8:20
54