Дастгир гардидани ҷавони 21-сола барои таъмаҷуӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти таъмаҷуӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 22-юми ноябри соли 2024 дар саҳифаи махсуси «Дакаданг Исфара-4» кору фаъолияташро ба ҳайси маъмур оғоз карда, то инҷониб фаъолият намуда, бо роҳи таъмаҷӯӣ 4-уми декабри соли 2024, “Ҳамид” ном шахс, сокини шаҳри мазкурро бо акс ва маълумоти беобрӯкунанда дар саҳифаи махсуси «Дакаданг Исфара-4» паҳн намуда ва барои аксро аз саҳифа пок намудан бар ивазаш аз ҷабрдида 50 ҳазор рубли русӣ талаб намуда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.