Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 21-сола 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 17:40-дақиқа, дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 27-солаи сокини шаҳри Гулистон муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.02.2025 8:14
32