Ифшо шудани дуздии масолеҳи сохтмонӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 19-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди бинои навсохтмони меҳмонхонаи ҶДММ ширкати “Азизӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Ҳакимзодаи шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро сохтмончиёни ҳамин ширкат мардони 26, 28 ва 27-солаи сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ҳамадонӣ ва Восеъ содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.