Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ аз дохили бозор
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки қаблан соли 2004 бо қисми 2 моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 15:00, дар дохили бозори марказии шаҳри Конибодом бо роҳи пинҳонӣ аз зани 44-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон як адад пешбанди занонаро, ки дар дохилаш 4 ҳазору 500 сомонӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.